Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷҳои бармаҳал дар Эрон -- 131 ҳазор дар панҷ сол


Тибқи маълумоти Маркази омори Эрон, дар панҷ соли гузашта беш аз 131 ҳазор духтари зери сини 15-сола издивоҷ кардаанд, ки аз ин шумора беш аз 7500 маврид дар тобистони соли гузашта будааст.

Бар асоси гузорише, ки вебсайти "Тиҷорат.нюс" рӯзи сешанбеи 29-уми март бо такя ба Маркази омори Эрон нашр кард, аз соли 2016 ба ин тараф ҳисоби миёнаи издивоҷи духтарони зери сини понздаҳ, солона ҳудуди 30 ҳазор нафар буд. Ин дар ҳолест, ки дар панҷ соли гузашта фақат 123 писари зери сини 15-сола дар Эрон издивоҷ кардаанд.

Қаблан низ Маркази омори Эрон аз афзоиши 10,5-дарсадии омори издивоҷи духтарони 10 то 14 сола дар соли 2019 дар муқоиса бо соли пеш аз он хабар дода буд.

Соли гузашта хабаргузории "ИСНА" низ гузориш дода буд, ки аз моҳи март то сентябри соли 2021, 791 кӯдак аз модарони 10 то 14-сола ба дунё омадаанд ва вилояти Систон ва Балуҷистон бо таваллуди 248 навзод аз модарони аз 10 то 14- сола, дар садри ин ҷадвал қарор дошт.

Ин маълумот танҳо вобаста ба издивоҷҳои сабтшуда дар Созмони сабти аҳволи ин кишвар будааст ва эҳтимол дорад, ки омори воқеӣ аз ин бештар бошад. Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳҳои ахир чандин гузориш аз худкушии духтарони ҷавон дар Эрон, ба вижа дар вилояти Систон ва Балуҷистон нашр шудааст.

Ҳукумати Эрон дар сиёсатҳои худ ба издивоҷ ва афзоиши аҳолӣ ташвиқ мекунад. Бархе мақомҳои Эрон вуҷуди издивоҷи бармаҳалро рад мекунанд. Бархе ҳам мегӯянд, ки 13-солагӣ сини муносибе барои издивоҷ аст.

Мақомҳои ҳукумати Эрон ба таври маъмул бо издивоҷи духтарони аз 13-сола боло мувофиқ ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси урфи байналмилалӣ, фарди зери 18-сола кӯдак ба шумор меравад.

Бархе талошҳо дар солҳои ахир барои ислоҳи қонунҳои вобаста ба издивоҷи кӯдакон дар Эрон низ бо мухолифати ҳукумат ва ба вижа олимони динӣ, бенатиҷа будааст. Яке аз талошҳо ин буд, ки сини издивоҷ барои духтарон шонздаҳ сол ва барои писарон ҳаждаҳ сол муайян карда шавад. Аммо бинобар мухолифати бархе аз оятуллоҳҳо, ин тарҳ рад шуд.

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Эрон, ду сол қабл дар гузорише ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо ишора ба издивоҷи кӯдакон хостори "ислоҳоти фаврӣ" дар хусуси рафтори Ҷумҳурии исломӣ бо занон ва духтарон шуда буд.

XS
SM
MD
LG