Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, 400 дипломаташро аз 28 кишвар рондаанд


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 25-уми апрел гуфт, ки баъд аз ҳамлаи низомӣ ба Украина, беш аз 400 дипломати рус аз 28 кишвар ихроҷ шудаанд.

Евгений Иванов эълон кард, ки дар баробари таҳримҳои мухталиф барои муҷозоти Маскав, беш аз 400 дипломати Русия низ аз кишварҳои ғарбӣ берун карда шудаанд. Ӯ гуфт, бештари дипломатҳои рондашудаи Русия аз Лаҳистон, Олмон, Словакия, Хорватия, Фаронса, Италия ва Испания будааст.

Иванов ҳамчунин аз коҳиши зарфиятҳои консулгарии Русия дар бисёре аз кишварҳо хабар дод ва гуфт, ин масъала ёриҳои консулӣ ба шаҳрвандон ва ширкатҳои русӣ дар хориҷ аз кишварро зери таъсир қарор додааст.

"Дар баъзе кишварҳо масъулини матбуотии ниҳодҳои дипломатии Русия низ ихроҷ шудаанд, ки ин масъала интиқоли маълумотро ғайримумкин кардааст," -- афзудааст ӯ.

Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ илова ба ҳамлаи Русия ба Украина ва куштори ғайрнизомиён дар Буча, масъалаи "ҷосусӣ ва пропаганда"-и дипломатҳои Русияро сабаби берун кардани онҳо гуфтаанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар идома гуфтааст, ки Ғарб аз ҳама имкониятҳо барои дар ҳошияи ҳар чӣ бештар қарор додани кишвараш истифода мекунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, барои ҷобаҷо ва барқарор кардани кадрҳои дипломатии Русия дар кишварҳои ғарбӣ, роҳи сахте дар пеш доранд.

Русия низ ду моҳи гузашта даҳҳо дипломати аврупоиро берун кардааст. Аз ҷумла, рӯзи душанбе 40 дипломати олмонӣ аз Маскав ихроҷ шуданд. Бар асоси баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Русия, сафири Олмон дар Маскав ба ин вазоратхона даъват ва рӯйхати 40 дипломат, ки бояд ихроҷ шаванд, ба ӯ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG