Сарвазири Беларус Роман Головченко дар суҳбат бо ҳамтои узбеки худ Абдулло Орипов дар Тошканд гуфт, кишвараш мехоҳад, маҳсулотеро, ки мавриди таҳрим қарор гирифтаанд, аз Узбекистон бихарад.
"Беларус, бахусус феълан дар шароити маҳдудиятҳои Ғарб алоқаманди афзоиши воридоти маҳсулот аз Узбекистон аст. Мо омодаи афзоиши интиқоли маҳсулоти узбекӣ ҳастем", - афзуд сарвазири Беларус.
Вай изҳор дошт, ки сухан дар навбати аввал аз ресмон, оҳан, маҳсулоти ғизоӣ, меваю сабзавот меравад. Ба гуфтаи ӯ, талабот ба ин молҳо дар Беларус зиёд аст.
Головоченко зикр кард, ки аз соли 2017 гардиши мол миёни Беларус ва Узбакистон 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Кишварҳои ғарбӣ баъд аз интихоботи президентии Беларус дар моҳи августи соли 2020 ва саркӯби эътирозҳо алайҳи режими раҳбари худкома Александр Лукашенко зидди Минск таҳримҳо ҷорӣ карданд. Ин таҳримҳо пас аз пуштибонии Беларус аз ҳамлаи Русия ба Украина бештар шуд.