Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон талабгорони раҳоии маҳбусони сиёсиро боздошт карданд


Боздошти фаъолони маданӣ дар Алмато. 22 апрел, 2022.
Боздошти фаъолони маданӣ дар Алмато. 22 апрел, 2022.

Пулиси шаҳри Алмато иштирокдорони ҳамоиши эътирозиро бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон боздошт кард.

Бино ба иттилои хабаргузории vlast.kz, дар миёни боздоштшудаҳо Айгерим Тлеужан ва рӯзноманигор Даниёр Молдабеков низ ҳастанд.

Фаъолони маданӣ 24-уми апрел дар назди бинои Академияи илмҳои Қазоқистон дар Алмато ҷамъ омада, раҳоии онҳоеро талаб карданд, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ дастгир шудаанд.

Фаъоли мадании қазоқ Айгерим Тлеужан гуфт, онҳо пешакӣ шаҳрдории Алматоро огаҳ карда буданд, ки чунин таҷаммуъ баргузор мекунанд. Ӯ афзуд, то замони озод шудани ҳамаи маҳбусони сиёсӣ ҳар ҳафта тазоҳурот баргузор мекунад.

Намояндагони шаҳрдории Алмато тазоҳуроти фаъолонро "ғайриқонунӣ" номида, талош карданд, ки онҳоро пароканда созанд. Хабаргузорӣ навишта, ки дар умум 12 иштирокчии ҳамоиши эътирозӣ дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG