Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистону Узбекистон мушкили обияшонро бо ҳам ҳал мекунанд


Истгоҳи обкашии "Ширеч" дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар якҷоягӣ бо Узбекистон таъмир карда мешавад.

Раиси ноҳияи Бодканд Учкунбек Жоробоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, созиши таъмири муштараки истгоҳи обкаш 23 апрел дар мулоқот бо раиси ноҳияи Сӯхи Узбекистон ҳосил шудааст.

Ба гуфтаи раиси Бодканд, сокинони деҳаи "Суу-Башы" 22 апрел ҷамъ шуда, эътироз кардаанд, ки аз ҷониби Узбекистон дигар ба онҳо об намеояд ва зироатҳояшон хушк мешавад.

Заминҳои "Суу-Башы"-ро истгоҳи "Ширеч" бо об таъмин мекунад. Он дар минтақаи баҳсии марзии Қирғизистону Узбекистон ҷойгир аст ва дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG