Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории вазири корҳои хориҷии Қирғизистон


Руслан Казакбоев
Руслан Казакбоев

Руслан Казакбоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, аз мансаб барканор шудааст.

Котиби матбуотии президенти Қирғизистон рӯзи 22-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карданд. Тафсилоти дигар дастрас нест.

Казакбоеви 55-сола моҳи октябри соли 2020 ба курсии вазири умури хориҷии Қирғизистон нишаст. Солҳои 2010-2012 низ дар ҳамин мансаб кор кардааст. Соли 2015 вакили порлумон интихоб шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир Ҷээнбек Кулубоевро иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гузоштаанд. Ӯ пештар мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи иҷроияи президент буд.

XS
SM
MD
LG