Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори артиши Русия гуфт, ки дар Украина чӣ ният доранд


Як бинои вайроншуда дар Мариупол
Як бинои вайроншуда дар Мариупол

Як мақоми баландрутбаи артиши Русия гуфтааст, Маскав қасд дорад, дар ҷараёни амалиёти нав тамоми вилояти Донбасс ва ҷануби Украинаро таҳти назорат дароварад.

Айни замон сарнавишти шаҳри бандарӣ ва муҳосирашудаи Мариупол дар хатар аст.

Расонаҳои Русия аз қавли Рустам Миннекаев, фармондеҳи муваққати ҳавзаи марказӣ, навиштаанд, ки назорати комили ҷануби Украина ҳадафи стратегии Русия аст, чун дастрасӣ ба минтақаи ҷудоиталаби Трансднестр дар Ҷумҳурии Молдоваро имконпазир мекунад.

Шарҳи фармондеҳи рус тасвири ҷузъии ҳадафҳои Русия аз марҳилаи дувуми таҷовузи Украина аст. Намояндагони Украина мегӯянд, гуфтаҳои Русия, ки ҳеч даъвое ба қаламрави кишвари бегона надорад, дурӯғ аст.

Вазорати дифои Украина рӯзи 22-юми апрел дар Твиттер навишт, пас аз зери назорат даровардани ҷануби Украина, Русия қасди таҷовуз ба хоки Молдоваро дорад.

Украина чанд дафъа гуфтааст, ки Трансднестр метавонад, ба ҳайси минтақаи омодагӣ барои амалиёти Русия ба зидди Украина ва Молдова истифода шавад. Молдова бо Руминия, ки узви НАТО аст, сарҳад ва фарҳанги муштарак дорад.

XS
SM
MD
LG