Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо барои Украина техникаҳои вазнини ҳарбӣ мехарад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар суҳбат бо "Европейской правде" гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо розӣ шудааст, ки техникаҳои сангини низомӣ харида, ба Украина ройгон диҳад.

"Дар ин бора бо назардошти амниятӣ хабарҳои зиёде нашр намешавад. Вале мо ба уҳдадориҳои худ барои интиқоли ин силоҳҳо пойбанд мемонем," - афзудааст Мишел.

Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди Аврупо дар давоми ду моҳи ҷанги Русия алайҳи Украина аллакай тавассути "European Peace Facility" 1,5 миллиард евро барои Киев ҷудо кардааст.

"Аммо ин ёриҳо кофӣ нестанд. Мо бояд кори бештаре анҷом диҳем ва хоҳем дод," -- зикр кардааст Мишел.

Русия рӯзи 24-уми феврал бо фармони президенти он кишвар Владимир Путин ҳамлаи бедалелро ба Украина оғоз кард. Дар ин муддат, ба иттилои СММ, бештар аз 2 ҳазор сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон кушта шуда, зиёда аз 5 миллион кас Украинаро тарк карданд. Теъдоди муҳоҷирони иҷбории дохилӣ дар Украина ба бештар аз 7 миллион мерасад.

XS
SM
MD
LG