Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамлаҳои Русия дар шарқи Украина


Тонки вайроншудаи нерӯҳои Русия дар Донестск. 13-уми апрели 2022
Тонки вайроншудаи нерӯҳои Русия дар Донестск. 13-уми апрели 2022

Пас аз поёни ултиматум ё зарбулаҷали Маскав барои таслими охирин нерӯҳое, ки ҳанӯз дар шаҳри Мариупол муқовимат мекунанд, Русия ба ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи худ дар шарқи Украина идома дод.

Дар ҳамин ҳол, Киев пешниҳод кард, ки "даври вижа"-и гуфтугӯҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол баргузор шавад.

Низомиёни Бритониё рӯзи 21-уми апрел гуфтанд, нерӯҳои русии мустақар дар Донбасс ба тарафи шаҳри Краматорск ҳаракат кардаанд. Ин шаҳр ҳамчунон зери гулӯлаборони нерӯҳои русӣ қарор дорад.

Вазорати дифои Бритониё дар "Твиттер" навишт, "сатҳи болои ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамчунон идома дорад, зеро ин кишвар дар пайи пуштибонии ҳавоӣ аз ҳамлаи худ дар шарқи Украина ва саркӯб ва аз байн бурдани тавоноиҳои дифои ҳавоии Украина аст".

Баъд аз нокомӣ дар тасарруфи Киев ва шаҳрҳои дигари бузурги Украина дар ҷанги наздик ба ҳашт ҳафтаи гузашта, Маскав гуфт, ҳадафи он тасарруфи комили вилоятҳои Донетск ва Луганск аст. Бахшҳои зиёде аз ин минтақа аз соли 2014 ба ин тараф дар ихтиёри ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дорад.

Ирина Верешчук, муовини нахуствазири Украина, гуфт, созиш барои боз кардани як долони амн барои хуруҷи ғайринизомиён тибқи нақша амалӣ нашуд ва дар ин кор низомиёни Русияро гунаҳкор донист.

XS
SM
MD
LG