Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои низомии ИА ба Киев ба 1,5 млрд. евро расид


Шарл Мишел ва Владимир Зеленский. Киев, 20-уми апрели 2022
Шарл Мишел ва Владимир Зеленский. Киев, 20-уми апрели 2022

Ёриҳои низомии Иттиҳоди Аврупо ба Украина ба 1,5 миллиард евро рсидааст. Дар ин бора роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар Киев хабар дод.

Мишел бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот кард. Раисҷумҳури Украина гуфт, онҳо таҳримҳои зидди Русия, инчунин, кумаки низомиву мудофиавии Иттиҳоди Аврупоро ба Киев баррасӣ кардаанд.

Зеленский илова кард, ҷонибҳо суолномаеро баррасӣ кардаанд, ки Украина ахиран барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо онро пур карда буд. Чанд рӯз пеш мақомоти Украина онро ба Иттиҳод супориданд.

Мишел дар сафараш ба Украина ба шаҳраки Бородянки наздики Киев рафт, ки чанде пеш артиши Русия он шаҳракро холӣ карда буд. Украина артиши Русияро дар хушунат нисбати мардум гумонбар мекунад.

"Таърих ҷиноятҳои ҷангиеро фаромӯш нахоҳад кард, ки инҷо содир шудаанд. Ҳеч сулҳе бидуни адолат пойдор нахоҳад монд," -- навишт роҳбари Шӯрои Аврупо дар Твиттер.

Русия рӯзи 24-уми феврал бо фармони президенти он кишвар Владимир Путин ҳамлаи бедалелро ба Украина оғоз кард. Дар ин муддат, ба иттилои СММ, бештар аз 2 ҳазор сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон кушта шуда, зиёда аз 5 миллион кас Украинаро тарк карданд.

Теъдоди муҳоҷирони иҷбории дохилӣ дар Украина ба бештар аз 7 миллион мерасад.

XS
SM
MD
LG