Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия иттилоъро дар бораи наздикони сарбозони кушташуда махфӣ мекунад


Чархболи вайроншудаи Русия дар наздикии Харков, 31-уми марти 2022
Чархболи вайроншудаи Русия дар наздикии Харков, 31-уми марти 2022

Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифтааст, маълумотро дар бораи наздикони низомиёни фавтида дар Украина махфӣ кунад.

Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ бо такя ба тарҳи қарори ҳукумат хабар дод. Ин маълумот ба бахши сирри давлатӣ дохил карда мешавад.

Маълумот дар бораи низомиёни Русия, ки дар замони ҷанг ва "амалиёти махсус" кушта шудаанд, аз соли 2015 сирри давлатӣ ба шумор меравад. Вале мансабдорони шаҳру ноҳияҳо кумакпулии давлатро ба аъзои оилаи фавтидагон мерасонданд. Вазорати дифоъ аз ҳукумат мехоҳад, ҳамин ваколатро ба комиссариатҳои ҳарбӣ супорад.

Вазорати дифои Русия рӯзи 25-уми марти имсол эълон кард, ки дар ҷараёни ҷанг дар Украина 1351 низомии рус кушта ва 3825 нафари дигар захмӣ шуданд. Аз он вақт инҷониб Кремл талафоти худро зикр накардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯйи раисҷумҳури Русия, рӯзи 7-уми апрел ба Sky News гуфт, артиши Русия дар Украина "талафоти ҷиддӣ" дод.

Масъулони Вазорати дифои Украина талафоти ҷониби Русияро ҳудуди 20 ҳазор нафар ҳисоб кардаанд.

Номи низомиёни русро, ки дар Украина кушта шудаанд, асосан мақомоти минтақа ва хешовандон ё дӯстони қурбониён фош мекунанд.

XS
SM
MD
LG