Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши ду ҳамсоя барои осон кардани убури мошинҳои боркаш


Сарҳади Қирғизистону Қазоқистон
Сарҳади Қирғизистону Қазоқистон

Қирғизистон ва Қазоқистон ба созиш расидаанд, ки барои гузаштани озоди мошинҳои боркаш аз гузаргоҳҳои марзии ду кишвар чора андешанд.

Ба иттилои Девони вазирони Қирғизистон, ҷониби Қазоқистон розӣ шудааст, ки дар сурати мавҷуд будани санадҳои лозимӣ барои интиқоли мол ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мошинҳои боркашро дар марз аз санҷиш нагузаронад.

Навбатпоии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ҳоле ки ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд. Яке аз афзалиятҳои узвият дар иттиҳоди мазкур гардиши озодонаи молу маҳсулот дар дохили кишвраҳои узв аст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон 18-уми апрел хабар дод, ки дар гузаргоҳои марзии "Ак-Тилек – автодорожний"-и ин кишвар бо Қазоқистон ҳудуди 300 мошини боркаш ҷамъ шудааст.

Ба огаҳии хадамот, ҷамъшавии мошинҳо ба далели раванди сусти санҷиш аз ҷониби Қазоқистон ба миён омадааст.

XS
SM
MD
LG