Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қазоқистон гуфт, ҳаводиси моҳи январ "нақшаи ягона" дошт


Қазоқистон, моҳи январи 2022
Қазоқистон, моҳи январи 2022

Елдос Килимҷонов, як масъули додситонии кулли Қазоқистон, рӯзи 19-уми апрел гуфт, ки бетартибиҳои моҳи январи имсол дар он кишвар аз рӯи нақшаи ягона сурат гирифтааст.

Вай афзуд, дар Алмато "шаҳрвандон "О" ва "Н" шиносоӣ шудаанд, ки дар Талдиқурғон ба ширкатдорони бетартибиҳо пул додаанд ва инчунин дар зиён расонидан ба амволи сокинон ва ғасби иншооти давлатӣ даст доштаанд".

"Барои иштирок дар бетартибиҳо аз 20 то 100 доллар барои ҳар одам пардохт шудааст", - гуфт намояндаи додситони кулли Қазоқистон.

"Сокини вилояти Ҷамбил, ки дар шаҳри Алмато қарор дошт, рӯзи 4-уми январ дар телеграм саҳифа кушода, дар чанд соати аввал чанд ҳазор кас ба саҳифаи вай обуна шудааст. Тавассути ин саҳифа обуначиҳо дастури ташкили сангар, омода кардани "коктейли Молотов", муқобила бо кормандони пулис ва ғасби биноҳоро гирифтаанд", - гуфт Килимҷонов.

Вай афзуд, рӯзҳои 5 ва 6-уми январ тавассути ин саҳифа "дар бораи тасмимҳо ва амалҳои иштирокдорони бетартибиҳо иттилоърасонӣ ва тасмимҳои онҳо ҳамоҳанг шудааст". Калимҷонов гуфт, гумонбар дастгир шудааст.

"Таҳлили парвандаҳои ҷиноӣ нишон дод, ки дар минтақаҳои дигар низ аз рӯи ҳамин сенария амал карда, ҳамоҳангии умумӣ доштаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки нақшаи ягона мавҷуд будааст", - афзуд намояндаи додситонии кулли Қазоқистон.

Дар ибтидои моҳи январ дар Қазоқистон эътирозҳои умумӣ ташкил шуданд. Дар аввал сокинон аз болоравии нархи газ эътироз доштанд. Баъдтар эътирозҳо ба бетартибиҳо печид, ки дар натиҷа на камтар аз 230 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG