Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев монеаҳои гуфтугӯро бо Маскав шарҳ доданд


"Муҳосираи Мариупол аз тарафи Русия гуфтугӯҳои Киевро бо Маскав душвор кардааст," -- гуфт Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Украина ва узви гуруҳи музокиракунандаи Киев рӯзи 19-уми апрел.

Подоляк афзуд, ҳоло маълум нест, гуфтугӯҳои мустақим миёни ҷонибҳо кай сурат мегиранд. Ба гуфтаи ин узви гуруҳи музокиракунанда, талоши Русия барои тақвияти мавзеаш тавассути ҳамлаҳои нав дар Донбасс яке аз дигар монеаҳои гуфтугӯҳост.

Рӯзи 19-уми апрел гуруҳи силоҳбадасти "ДНР" аз ҳамлаи нав ба корхонаи "Азовстал" хабар дод. Ин корхона яке аз пойгоҳҳои муҳими муқовимати Украина ба зидди ҳамлагарони Русия аст.

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи сешанбе ба низомиҳои Украина, ки аз "Азовстал" ҳимоят мекунанд, пешниҳод кард, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва таслим шаванд. Расонаҳо менависанд, ин пешниҳоди севуми Русия ба ҳомиёни Мариупол аст.

Артиши Русия ва ҷудоихоҳони ба ном "Ҷумҳурии мардумии Донетск" Мариуполро ибтидои моҳи март муҳосира карданд. Аз он замон то кунун "поккорӣ"-и шаҳр идома дорад. Дар ин шаҳр то 3 ҳазор низомии Украина мавҷуд аст.

Бори охир Русияву Украина ба таври мустақим барои оташбас ва сулҳ рӯзи 20-уми март дар Истанбули Туркия мулоқот карданд.

XS
SM
MD
LG