Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаре, ки кӯдакашро ба қафаси хирс партофт, ба беморхонаи рӯҳӣ фиристода шуд


Хирсе дар боғи ҷонварони Тошканд. Акс аз бойгонӣ
Хирсе дар боғи ҷонварони Тошканд. Акс аз бойгонӣ

Зане, ки духтарашро ба қафаси хирс партофта буд, ба муолиҷаи ҳатмии рӯҳӣ фиристода мешавад. Қарори додгоҳи ноҳияи Юнусободи вилояти Тошканд рӯзи 18-уми апрел содир шуд. Дар ин бора намояндаи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов дар Телеграм-каналаш хабар додааст. Моҳи марти соли ҷорӣ баъди таҳқиқи ҳодиса додситонии кулли Узбекистон гуфт, ки озмоишҳои тиббӣ бемории равонӣ доштани модарро собит кард ва тафтишҳо нишон дод, ки ӯ ҳатто барои посух додан ба саволҳои муфаттишон омода нест. Бо қарори додрас, сокини Узбекистон дар ҷинояте гунаҳгор дониста шуд, ки ба ҷомеа зарар дорад ва бояд ба табобати ҳатмии равонӣ фиристода шавад.

Ҳодиса 28-уми январи соли ҷорӣ рӯй дод. Зане, ки бо кӯдакаш ба боғи ҷонварони шаҳри Тошканд рафта буд, духтарчаи сесолаашро дар пеши чашми тамошобинон ба дохили қафаси хирс партофт. Ин қафас дар чуқурие ҷойгир буда, кӯдак дар фосилаи чанд метр ба замин афтод. Хирс Зузу ба назди духтарак омада ӯро бӯ карду канор рафт ва кормандони боғ ҳамон замон ҷонварро ба қафаси дигар бурда, кӯдакро аз дохили он берун оварданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, кӯдак осеби сар гирифт, вале ҳамон замон ба беморхона фиристода шуд.

Модарро аз рӯи моддаи “сӯиқасд ба куштори нафаре, ки дар ҳолати нотавонӣ мебошад”, муҳокима карданд. Таҳқиқ муайян кардааст, ки ин зан дар яке аз донишгоҳҳои Тошканд дарс медод ва аз тобистони соли 2021 зери назари табибони бемориҳои рӯҳӣ қарор дошт.

Бархе расонаҳои дигар маълум кардаанд, ки ин зан бар асари хушунати хонаводагӣ дучори бемории равонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG