Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаре дар Тошканд духтарашро ба қафаси хирс партофт


Хирсе дар боғи ҷонварони шаҳри Тошканд. Акс аз соли 2012
Хирсе дар боғи ҷонварони шаҳри Тошканд. Акс аз соли 2012

Додситонии кулли Узбекистон гуфт, аз рӯи ҳодисаи ба қафаси хирс партофта шудани кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод рӯзи 29-уми январ хабар дод, ки нисбати модар аз рӯи моддаи “Сӯиқасд ба куштори барқасдона” кӯдак парванда боз шудааст. Зоҳиран зан боздошт шудаву кӯдак зери назари табибон қарор дорад, менависад Радиои Озодлик.

Аввал шуда дар бораи ҳодиса маъмурияти боғи ҷонварони Тошканд дар Телеграм-канали худ хабар дод. Ба навиштаи ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми январ дар пеши чашми тамошобинони зиёд ва масъулини боғ рӯй додааст. Дар изҳороти боғ гуфта мешавад, ки модари кӯдак “бо вуҷуди ҳушдори мардуми тамошобину кормандон кӯдакро аз қафаси оҳанӣ ба поён сар дод” ва кӯдак аз баландии 5 метр ба дохили қафаси хирс уфтод. “Хирс Зузу, – менависад боғи ҷонварон, - оромона аз ҳаракатҳои зан мушоҳида мекарду ба кӯдак наздик шуда ӯро бӯй карду ба канор рафт”. Ба иттилои боғ, ҷонвари ваҳшӣ ба кӯдак нарасид, чун “дар фазои меҳру дӯстӣ бо инсон нигаҳдорӣ мешавад”. Ҳамон лаҳза, ба навиштаи боғ, масъулон аз дари дигар хирсро ба дохил даъват карда, ҷонварро ба утоқи дигар ва макони безарар барои кӯдак бурданд.

Ба иттилои маъмурияти боғ, кӯдак дар ин ҳодиса ҳангоми аз баландӣ афтодан каме осеб дидаву ҳоло зери назари табибон қарор дорад. Сабабҳои даст ба ин кор задани зан маълум нест ва дар хабарҳо дар бораи ҳолати равонии зан ҳам чизе гуфта намешавад.

На ҳама ҳодисаҳои тамоси наздик бо хирс дар боғи ҷонварон фарҷоми хубе доштааст. Дар боғи ҷонварони шаҳри Душанбе соли 2006 фоҷеае рух дод, ки солҳои баъдӣ бо даъвоҳои судӣ маъруф шуд. Як рӯзи моҳи маи он сол дар боғи ҷонварони пойтахти Тоҷикистон сокини Душанбе Елизаветаи 10-сола ҳамроҳи падараш барои тамошо ба боғи ҷонварони Душанбе рафтааст. Модари Елизавета дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки зимни наздик шудан ба қафаси хирс духтарак хостааст ба ин ҷонвар як пора нон дароз кунад, аммо хирс аз паси панҷара дасти рости духтаракро, ки нонро дароз мекард, аз китфаш кандааст. Духтарак зинда монд, вале аз як дасташ маҳрум шуд. Волидонаш маъмурияти боғи ҷонваронро барои ҷуброни зарари модиву маънавӣ ба додгоҳ кашид.

XS
SM
MD
LG