Полиси Афғонистон гуфт, дар як мактаби писарона, ки дар маҳаллаи ҳазораҳои шиамазҳаби Кобул ҷойгир аст, дастикам се таркиш рух дод. Бар асари он 6 кас кушта ва 11 нафар захмӣ шудаанд.
Абдулнафӣ Такур, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Толибон, дар суҳбат бо Радиои “Афғонистони озод” гуфт, таркиш мактаби Абураҳим Шаҳидро дар шаҳри Кобул ҳадаф қарор додааст.
Як мақоми амниятӣ гуфт, таркишҳо бо истифода аз норинҷаки дастӣ содир шудаанд. Ҳанӯз ҳеч кас ё гурӯҳе масъулияти таркишҳоро ба уҳда нагирифтааст.
Мактаб дар минтақаи Дашти Барчӣ, воқеъ дар ғарби Кобул, ҷойгир аст ва аксар сокинони ин маҳал ҳазораҳои шиамазҳаб мебошанд. Дар гузашта ин ҷомеаро ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” зиёд мавриди ҳадаф қарор додаанд.
Холид Задрон, сухангӯи полиси Кобул, дар Твиттераш навишт, таркишҳо “боиси талафоте дар миёни бародарони шиаи мо шудааст”. Ба қавли Вазорати корҳои дохилии Толибон, таҳқиқи ҳодиса оғоз ёфт.
Як шоҳид гуфтааст, таркишҳо замоне рух доданд, ки шогирдони мактаб баъд аз анҷоми дарсҳои саҳарии худ аз бино берун мешуданд. Моҳи майи соли гузашта дар натиҷаи таркиши бомба дар ҳамин маҳалла дастикам 85 нафар, аксар духтарони мактабхон кушта шуда, даҳҳо кас захмӣ гардиданд.