Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар Киев ва чанд минтақаи дигари Украина


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Украина ва чанд расона рӯзи 18-уми апрел аз таркишҳо дар Киев, вилоятҳои Лвов ва Днепропетровск хабар доданд.

Хабаргузории Suspilne иттилоъ дод, ки дар ҳамлаҳои Днепропетровск ду нафар захмӣ шуданд.

Шаҳрдори Лвов Андрей Садовий гуфт, ба ин шаҳр, дар ғарби Украина, панҷ ҳамлаи мушакии “қудратманд” сурат гирифтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки талафоте ҳаст ё не.

Як сокини Лвов ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, дар болои баъзе биноҳои истиқоматӣ дудро диданд. Шаҳрдори Лвов дар Телеграм навишт, ки маъмурони наҷот дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.

Хабаргузории “Рейтерс” аз як силсила таркишҳо дар Киев, соҳили чапи дарёи Днепр, хабар дод. Мақомоти маҳаллӣ дар ин маврид ҳеч шарҳе надодаанд.

XS
SM
MD
LG