Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон хонандагонро аз намози таровеҳ ронданд


Яке аз масҷидҳои Узбекистон
Яке аз масҷидҳои Узбекистон

Як гуруҳ аз мансабдорони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбекистон ҳамроҳ бо маъмурони пулис ҳангоми намози таровеҳ ба масҷиди "Ҳазрати Алӣ"-и ноҳия рафта, кӯдаконро аз онҷо берун кардаанд.

Ба гуфтаи яке аз намозгузорон, "имоми масҷид ба ҷои монеа шудан, ба онҳо ҳамроҳ шуд ва кӯдаконро аз ибодатгоҳ ронд".

Раиси маҳаллаи "Ҳазрати Алӣ"-и Сӯх Субҳоналӣ Нишонов рух додани чунин ҳодисаро рад кард. Аммо мудири яке аз мактабҳои миёнаи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ бо тасдиқи хабар гуфтааст, "рейд"-и мазкур ба хотири пешгирӣ аз рафтани хонандагони синфҳои поёнӣ ба намози таровеҳ гузаронида шуд.

"Онҳо якбора вориди масҷид шуда, намозро вайрон ва кӯдаконро берун карданд. Ҳамаи намозгузорон аз ин амали мансабдорон нороҳат шуданд," -- афзуд ҳамсуҳбати радио аз Сӯх.

XS
SM
MD
LG