Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вазиристони Шимолӣ ҳафт сарбозро куштаанд


Дар як ҳамла дар минтақаи ноороми Вазиристони Шимолӣ ҳафт сарбози Покистон кушта шудаанд.

Як мақоми баландпояи низомӣ ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ҷангҷуён рӯзи 14-уми апрел дар минтақаи Даттахел як мошини низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Ин мақом афзудааст, сарбозон ҳангоми тирпарронӣ кушта шуданд. То кунун масъулияти рӯйдодро ҳеч гуруҳ напазируфтааст.

XS
SM
MD
LG