Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Байтулмуқаддас 152 фаластинӣ маҷруҳ шуданд


Байтулмуқаддас. 15-уми апрели соли 2022
Байтулмуқаддас. 15-уми апрели соли 2022

Салиби Сурхи Фаластин гуфт, дар задухӯрди полиси Исроил ва фаластиниҳо дар масҷиди Ал-Ақсои шаҳри Байтулмуқаддас дастикам 152 фаластинӣ захмӣ шуданд.

Ҳодиса, ба таъкиди Салиби Сурх, дар ҳоле рух дод, ки ду ҳафтаи моҳи Рамазон пуштисар мешавад.

Байтулмуқаддас барои ҳам мусалмонон ва ҳам яҳудиҳо макони муқаддас ба шумор меравад ва бисёр вақт шоҳиди бархӯрдҳои исроилиҳову фаластиниҳо аст.

Дар изҳороти полиси Исроил омадааст, ки садҳо фаластинӣ баъд аз намози бомдод ба ҷониби намозгузорони яҳудӣ дар қисмати шаҳри қадимӣ бо сангу оташакҳо ҳамла карданд.

Полис вориди масҷиди Ал-Ақсо шуда, мардумро пароканда карда, пеши роҳи беназмиҳоро гирифт. Дар ин ҳодиса, ба изҳороти полис, се афсари онҳо захмӣ шудааст.

Вазорати умури хориҷии Фаластин бо нашри изҳороте гуфт, "ин ҷиноят ва пайомадҳои он пурра ба дӯши Исроил аст".

Таниши миёни фаластиниҳоиву исроилиҳо имсол бештар бо сабаби ба як вақт рост омадани Иди Поки яҳудиҳову Рамазони мусалмонҳо боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG