Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии азими Русия ғарқ шуд. Зеленский мардумашро ситоиш кард


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Дар рӯзе, ки як киштии азими Русия ғарқ шуд ва онро мағлубияти рамзии Маскав номиданд, президенти Украина Владимир Зеленский ҳамватанонашро ситоиш кард.

Ӯ гуфт, вақте Русия моҳи феврали имсол ба хоки Украина ҳамла кард, украиниҳо "қарори муҳимтаринро дар зиндагӣ қабул карданд, ки он ҷангидан буд".

Зеленский шоми 14-уми апрел дар муроҷиат ба мардуми Украина гуфт, онҳо бояд ифтихор кунанд, чун 50 рӯз аст, ки ба ишғолгарони рус муқовимат нишон медиҳанд, дар ҳоле ки Русия иддао карда буд, "дар панҷ рӯз ҳамааш тамом мешавад."

Раисҷумҳури Украина нобуд ва ғарқ шудани киштии азими ҷангии "Москва"-ро комёбии муҳим номид. Вазорати дифои Русия гуфт, киштӣ дар пайи сӯхторе нобуд шудааст. Мақомоти украинӣ гуфтанд, нерӯҳои онҳо рӯзи 14-уми апрел ин киштиро бо мушаки "Нептун" нишон гирифтанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки нерӯҳои баҳрии Русия бомбаборони шаҳрҳои Украинаро дар соҳили Баҳри Сиёҳ идома медиҳанд.

Матбуоти маҳаллии украинӣ хабар дод, ки рӯзи 15-уми апрел дар шаҳри Киев таркишҳои пурқудрате шунида шуд, дар ҳоле ки ҳуҷумҳои асосӣ дар шарқи Украина идома доранд.

Дар шаҳри шарқии Херсон ва ғарбии Иванофранковск ҳам рӯзи ҷумъа садои таркишҳо ба гӯш расид. Мақомоти украинӣ мегӯянд, Русия дар андешаи мавҷи нави ҳуҷумҳои азим дар шарқи Украина мебошад.

XS
SM
MD
LG