Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои зидди Русия Узбекистонро ба ҷустуҷӯи шарикони нав водор кардаанд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Иқтисоди Узбекистон дар пайи таҳримҳои зидди Русия, мумкин аст, ба оқибатҳои сахти манфӣ дучор шавад. Дар ин бора дар гузориши Сандуқи Байнулмилалии Пул зикр шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар шароити коҳиши рушд, камбуди маҳсулот ва афзоиши таваррум иқтисоди Узбекистон ба номуайяниҳои нав рӯ ба рӯ мешавад.

Коршиносони Сандуқи Байнулмилалии Пул огоҳ кардаанд, ки ҳифзи нишондодҳои мусбат дар бахшҳое амсоли мубориза бо таваррум, барқарории иқтисод ва офаридани ҷойҳои нави корӣ осон нахоҳад буд.

Мутахассисони Сандуқ ба хулоса расидаанд, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷории Узбекистон аст. Ба иттилои расмӣ, гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1 миллиарду 252 миллион долларро ташкил додааст. Аз рӯи ин нишондод, Русия дар иқтисоди Узбекистон, баъд аз Чин, дар мақоми дувум қарор дорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин нишондоди қабл аз ҷангӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки шуруъ аз моҳи март гардиши молу маҳсулот миёни Русияву Узбекистон коҳиш ёфта бошад.

Бунёди баналхалқии асъор ба ҳукумати Узбекистон тавсия додааст, ки барои кам кардани таъсири ҷанги Русия дар Украина чораҷӯӣ кунад, аз ҷумла дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави тиҷорат бошад.

Ба иттилои вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон, ин кишвар ахиран содироташро аз ҳисоби кишварҳои дур, амсоли Австралия, Аргентина, Ҷумҳурии Доминика, Сурина афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG