Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хонанда аз Хуҷанд $300 000 гранти омӯзишӣ гирифтаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду хонандаи мактаб аз Хуҷанд дар озмунҳои донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария пирӯз шуда, соҳиби 300 ҳазор доллар гранти омӯзишӣ шудаанд.

Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров аз ҳисоби ин маблағ метавонанд, дар Донишгоҳи Уолши иёлати Оҳайои Амрико ва Донишгоҳи Франклини Швейтсария таҳсил кунанд.

Онҳо хонандаи Литсей барои наврасони болаёқати Хуҷанд ҳастанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд бо нашри ин хабар гуфт, Амирбек Зокиров ният дорад, дар оянда дар риштаи бизнес-идоракунӣ ва Самандар Самандаров дар риштаи IT-технология таҳсил кунанд.

Пештар Алишер Қосимов, муҳассили дигари ин дабистон ба маблағи беш аз 1 миллион доллар гранти омӯзишӣ дарёфт карда буд.

“Моҳи декабри соли 2021 се хонандаи литсей Алиҷон Усмонов, Абубакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байнулмилалӣ дар Таиланд ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд,” – гуфта шудааст дар хабарномаи ҳукумати Суғд.

XS
SM
MD
LG