Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистонро тамдид карданд


Карим Масимов.
Карим Масимов.

Муҳлати ҳабси пешакии раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов то 6-уми майи соли равон тамдид карда шуд.

Ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, муовинони пешини раиси кумитаи мазкур Ануар Садикулов ва Даулет Ергожин ҳам то 6 ва 8 майи имсол дар ҳабс мемонанд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон боздошти Карим Масимовро, ки яке аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар гуфта мешуд, 8 январи соли равон тасдиқ карда буд.

Дар баёнияи расмӣ омада буд, "рӯзи 6-уми январ тафтишот бар асоси моддаи хиёнат ба давлат шуруъ шуд. Ҳамон рӯз бо гумони содир кардани ин ҷиноят Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ва шахсони дигар дастгир карда шуданд."

Масимови 56-сола моҳи сентябри соли 2016 раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъин шуда буд. Ӯ ҳафт сол дар мансаби сарвазири Қазоқистон ҳам кор кардааст.

XS
SM
MD
LG