Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 154 номгӯи дороиҳои Медведчукро ҳабс кард


Виктор Медведчук
Виктор Медведчук

Додгоҳе дар Украина 154 номгӯи дороиҳои манқул ва ғайриманқули сиёсатмадори русиягарои Украина Виктор Медведчук ва ҳамсари вай Оксана Марченкоро ҳабс кард.

Дар ин бора Бахши пажуҳишии давлатии Украина хабар дод.

Аз ҷумла 26 воситаи нақлиёт, 30 қитъаи замин, 23 манзил, 32 хона дар биноҳои бисёрошёна, 17 таваққуфгоҳ ва як киштии марбут ба Медведчук ҳабс шудааст. Додгоҳ ҳамчунин саҳмияҳои вай дар 25 ширкатеро ба ҳабс гирифт, ки ё ба худаш ва ё ба ҳамсараш рабт доштанд.

Маъмурони амнияти миллии Украина дар натиҷаи як амалиёт Виктор Медведчук, сиёсатмадори тарафдори президенти Русия Владимир Путинро чанд рӯз пеш дастгир карданд.

Медведчук охирҳои моҳи феврали имсол аз ҳабси хонагӣ фирор карда буд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, акси боздошти Медведчукро дидааст, вале наметавонад бигӯяд, ки он то куҷо ҳақиқат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин аксро ба далели зиёд будани хабарҳои дуруғ бояд санҷид.

Виктор Медведчук, аз сиёсатмадорони украиние ҳаст, ки тарафдори Владимир Путин мебошад.

XS
SM
MD
LG