Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё се зодаи Узбекистонро ба рӯйхати таҳримҳо шомил кард


Бритониё дар ҳамоҳангӣ бо Иттиҳоди Аврупо рӯзи 13-уми апрел рӯйхати таҳримҳои зидди Русияро густариш дода, 206 тоҷиру сиёсатмадор, ҳамчунин аъзои хонаводаи онҳоро шомили таҳримҳо кард. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Бритониё хабар дод.

Дар рӯйхати нави таҳримҳо се зодаи Узбекистон низ ҳастанд:

  • Гулбаҳор Исмоилова, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Тошканди Узбекистон ва шаҳрванди Русия;
  • Саодат Нарзиева, зодаи Узбекистон ва шаҳрванди Русия;
  • Нигина Зоирова, соли таваллудаш 1987, зодаи Узбекистон ва шаҳрванди Русия.

Ба навиштаи нашрияи Gazeta.uz, Гулбаҳор Исмоилова хоҳари сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов аст. Вазорати корҳои хориҷии Бритониё мегӯяд, нисбати Исмоилова ба он далел таҳрим ҷорӣ шудааст, ки Усмонов дороиҳояшро ба номи хоҳараш сабт кардааст.

Саодат Нарзиева низ хоҳари Алишер Усмонов аст. Нарзиева дар шаҳри Тошканд ба ҳайси пизишки занон фаъолият мекунад. Дороиҳои Нарзиева низ дар Бритониё ба ҳабс гирифта хоҳанд шуд. Пештар Иттиҳоди Аврупо низ нисбат ба Нарзиева таҳрим ҷорӣ кард.

Нигина Зоирова ёвари Михаил Фридман - соҳиби "Алфа Бонк"-и Русия дониста мешавад. Мақомоти Бритониё мегӯянд, баъди он ки Фридман шомили рӯйхати таҳримҳо шуд, Зоирова соҳиби баъзе аз дороиҳо гардид. Дар Бритониё бар ин назаранд, ки Фридман дороиҳояшро ба номи Зоирова сабт кардааст.

Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина Бритониё чанд бастаи таҳримҳоро нисбат ба Русия эълон кард. Таҳримҳо ба президенти Русия Владимир Путин, вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров, сарватманд Роман Абрамович ва соҳибкорони дигар дахл карданд.

XS
SM
MD
LG