Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи музокирот барои сохтмони роҳи Чин-Қирғизистон-Узбекистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пекин, Бишкек ва Тошканд гуфтугӯҳоро барои сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон идома медиҳанд. Дар ин бора муовини вазири нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон Таабалдӣ Тиллоев рӯзи 12-уми апрел хабар дод.

"Барои чигунагии сохтмони роҳи оҳан, аз куҷо шуруъ шудан ва чӣ қадар арзиш доштани он гуфтугӯҳо давом доранд. Мо бояд бо ҳамсояҳоямон дар ин масоил ба созиш расем," -- афзуд Тиллоев.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон, ҳанӯз 27-уми октябри соли 2021 хабар дода буд, ки ҳуҷҷатҳои асосӣ барои сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон таҳия шудаву охирин гуфтугӯҳо бо Узбекистон ба поён расидаанд.

"Мо мунтазири сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) ба Чин ҳастем, аммо Пекин айни замон ба далели вабои коронавирус равуоро маҳдуд кардааст. Ҳамин ки маҳдудиятҳо бекор шуд, тақдири тарҳи сохтмони роҳи оҳан низ дар сафари президент ҳал мешавад. 280 километри ин роҳ аз дохили кишвари мо хоҳад гузашт, ки 57 километри он нақб хоҳад буд," -- гуфта буд Оқилбек Ҷабборов.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз ибтидои солиҳои 2000 эълом шуда буд, аммо аз он замон то кунун амалӣ нагардидааст.

XS
SM
MD
LG