Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурони амниятии Украина Виктор Медведчукро дастгир карданд


Виктор Медведчук.
Виктор Медведчук.

Маъмурони амнияти миллии Украина дар натиҷаи як амалиёт Виктор Медведчук, сиёсатмадори тарафдори президенти Русия Владимир Путинро дастгир карданд.

Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод. Медведчук охирҳои моҳи феврали соли равон аз ҳабси хонагӣ фирор карда буд.

Президенти Украина гуфт, боздошти Медведчукро дертар шарҳ хоҳанд дод.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, акси боздошти Медведчукро дидааст, вале наметавонад бигӯяд, ки он то куҷо ҳақиқат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин аксро ба далели зиёд будани хабарҳои дуруғ бояд санҷид.

Виктор Медведчук, аз сиёсатмадорони украиние ҳаст, ки тарафдори Владимир Путин мебошад.

XS
SM
MD
LG