Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Кара-Мурзаро дар Маскав дастгир кардаанд


Владимир Кара-Мурза
Владимир Кара-Мурза

Владимир Кара-Мурза, як фаъоли саршиноси мухолифини Русияро дар наздикии хонааш дар Маскав дастгир кардаанд. Мақомоти ғарбӣ зуд нигаронии худро иброз доштанд.

Вадим Прохоров, вакили мудофеи Кара-Мурза, рӯзи 11-уми апрел бо нашри изҳороте гуфт, ӯ барои иҷро накардани дастурҳои қонунии як маъмури амният муттаҳам аст.

Тафсилоти дигар дар даст нест. Владимир Кара-Мурза ба зангу паёмҳо ҷавоб надод.

Владимир Кара-Мурза яке аз шарикони наздики пешвои кушташудаи мухолифин Борис Немтсов аст. Вай ду дафъа – солҳои 2015 ва 2017 – бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шудааст.

Боздошти Кара-Мурза дар пасманзари саркӯби афзояндаи мақомоти Русия алайҳи чеҳраҳои мухолиф ва ҳар гуна эътироз ба ҷанг дар Украина сурат гирифт. Русия 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG