Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди изтирории ҳавопаймои "Uzbekistan Airways"


Ҳавопаймои "Airbus A320"-и ширкати "Uzbekistan Airways", ки дар масири "Минск – Тошканд" парвоз мекард, баъди хабари бомбгузорӣ шудан маҷбур шуд, дар фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав поин ояд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии ширкат, ҳавопаймо 11-уми апрел тибқи ҷадвал, аз шаҳри Минск ба самти шаҳри Тошканд парвоз карда буд.

"Аммо ҳангоми қарор доштанаш дар осмони Русия хабар расид, ки гӯё он бомбгузорӣ шудааст. Ин хабарро шахси номаълум ба почтаи электронии ширкат фиристодааст", - афзудааст "Uzbekistan Airways".

Дар натиҷа халабонҳо тасмим гирифтанд, ки барои санҷиш дар фурудгоҳи Русия ба замин нишинанд.

Манбаъ афзуда, ки хабари бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо дурӯғ баромада, ҳамаи мусофирон дар амн ҳастанд.

XS
SM
MD
LG