Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба Украина кумаки башардӯстона фиристод


Ҳукумати Узбекистон ба Украина беш аз 34 тонна кумаки башардӯстона фиристодаанд.

Маъмурияти вилояти Закарпатеи Украина хабар додааст, ки кумаки ҷониби Узбекистонро 8 апрел дастрас карданд.

Ба гуфтаи раиси вилоят Виктор Никита, кумак иборат аз доруворӣ ва маводи ғизоӣ аст.

"Кумаки башардӯстонаро фавран ба минтақаҳои даргир мефиристем", - афзудааст маъмурияти вилояти мазкур.

XS
SM
MD
LG