Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгор барои таблиғи хушунати Русия зидди Украина "ҳушдор" гирифт


Дар рӯзҳои охир мавзӯи ҷанги Украина дар Узбекистон баҳсҳои доғеро ба бор овардааст. Ахиран донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Андиҷони он кишвар вориди баҳсҳои тунд шуданд.

Талоши сафед кардани ҳамлаи Русия ба Украина, аз ҷумла қатли ғайринизомиён дар шаҳри Буча аз сӯи як омӯзгор норизоии донишҷӯёнро ба бор овард.

Баъд аз эътирози донишҷӯён роҳбарияти Донишгоҳи Андиҷон барои тафтиши баҳс гуруҳи махсус таъсис дод. Дар натиҷаи таҳқиқ як омӯзгори 67-солаи донишгоҳ "ҳушдори қатъӣ" гирифтааст.

Донишҷӯён гуфтанд, омӯзгор дар ҷараёни дарс талош кардааст, аз Русия ситоиш ва Украинаро давлати миллатгаро ё фашистӣ баҳо диҳад.

Роҳбарияти Донишгоҳи Андиҷон ба ҳамаи мудирони кафедраҳо дастур додааст, ки ба омӯзгорон бигӯянд, то дар ҷараёни дарс изҳори дидгоҳҳои сиёсӣ накунанд.

Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон пештар гуфта буд, ки Тошканд дар масъалаи ҳамлаи Русия ба Украина мавқеи бетарафона дорад.

XS
SM
MD
LG