Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мумкин аст, Украина мақоми номзад ба узвияти ИА-ро соҳиб шавад


Урсула фон дер Лейен ва Владимир Зеленский. Шаҳри Киев, 8-уми апрели 2022
Урсула фон дер Лейен ва Владимир Зеленский. Шаҳри Киев, 8-уми апрели 2022

Украина, мумкин аст, мақоми узвият ба Иттиҳоди Аврупоро моҳи июни соли 2022 соҳиб шавад. Дар ин бора муовини сарвазири Украина Олга Стефанишина хабар дод.

"Украина суолнома (анкета)-ро барои узвияти Иттиҳоди Аврупо дарёфт кард. Мо то ин замон бештари корҳои омодагиро анҷом додем, акнун омодаем, ки ба таври фаврӣ амал кунем," -- навишт Стефанишина дар Твиттер.

Раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Лейен рӯзи 8-уми апрел бо президенти Украина Владимир Зеленский дар Киев мулоқот кард ва суолномаро барои шурӯи гуфтугӯҳои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба вай супорид.

"Роҳи Шумо ба Иттиҳоди Аврупо шуруъ мешавад. Ин роҳи кӯтоҳе хоҳад буд," -- гуфт раиси Комиссияи Аврупо.

XS
SM
MD
LG