Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон тими Непалро бо ҳисоби 11:1 шикаст дод


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкеки Қирғизистон тими миллии Непалро бо ҳисоби бузурги 11:1 шикаст дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бозӣ 11-уми апрел дар Маҷмааи варзишии "Газпром-Арена"-и Бишкек баргузор шуд. Файзалӣ Сардоров се гол, Идрис Ёров, Умед Қузиев, Шавкат Ҳалимов ва Самандар Ризомов дуголӣ ба самар расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Узбекистон дастаи Афғонистонро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии нахустинашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек бо тими миллии Афғонистон бо ҳисоби мусовии 4:4 анҷом дода буд.

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бозии охиринашро рӯзи 12-уми апрел бо тими миллии Узбекистон баргузор мекунад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб, ки то 12-уми апрел дар Бишкек идома хоҳад кард, дар ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ сурат гирифтааст.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив дохиланд.

Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказ ва Ҷануб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 22-юми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд. Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

Минтақаи Марказ ва Ҷануб. Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Тоҷикистон – Афғонистон – 4:4

Голҳо: Муҳаммадҷон Шарипов, 1 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 24 (2:0). Фарзод Маҳмудӣ, 25 (2:1). Абдулғаффор Содиқӣ, 26 (2:2). Идрис Ёров, 28 – ба дарвозаи худ (2:3). Ҳамид Ризо Ҳусайнӣ, 34 (2:4). Идрис Ёров, 37 (3:4). Идрис Ёров, 40 (4:4).

10-уми апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена». 150 тамошобин.

Узбекистон – Непал – 5:1

Даври 2-юм

Непал – Тоҷикистон – 1:11

Голҳо: Бишвас Паудел, 2 (1:0). Идрис Ёров, 7 (1:1). Умед Қузиев, 21 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 25 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 31 (1:4). Файзалӣ Сардоров, 32 (1:5). Шавкат Ҳалимов, 32 (1:6). Шавкат Ҳалимов, 33 (1:7). Умед Қузиев, 33 (1:8). Самандар Ризомов, 36 (1:9). Самандар Ризомов, 37 (1:10). Идрис Ёров, 37 (1:11).

11-уми апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена». 50 тамошобин.

Афғонистон – Узбекистон – 1:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

2

2

0

0

10-2

6

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

15-5

4

3

Афғонистон

2

0

1

1

5-9

1

4

Непал

2

0

0

2

2-16

0

Даври 3-юм

12-уми апрел (сешанбе)

Узбекистон – Тоҷикистон

Афғонистон – Непал

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Қирғизистон – Туркманистон – 1:3

Эрон – Молдив – 17:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

17-0

3

2

Туркманистон

1

1

0

0

3-1

3

3

Қирғизистон

1

0

0

1

1-3

0

4

Молдив

1

0

0

1

0-17

0

Даври 2-юм

11-уми апрел (душанбе)

Туркманистон - Эрон

Молдив - Қирғизистон

Даври 3-юм

12-уми апрел (сешанбе)

Туркманистон - Молдив

Эрон - Қирғизистон

XS
SM
MD
LG