Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БҶ: Рушди ММД-и Қазоқистон ба далели ҷанги Украина коҳиш меёбад


Мариупол, Украина
Мариупол, Украина

Ҷанг дар Украина ва таҳримҳои нисбати Русия ба иқтисоди бештари кишварҳои дунё зарба мезанад, аммо таъсири зиёдтарро кишварҳои дар ҳоли рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ эҳсос хоҳанд кард.

Дар ин бора дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ зикр шудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки ба далели ҳамлаи Русия иқтисоди Украина, мумкин аст, 45,1 дарсад коҳиш ёбад, "аммо бештару камтар шудани ин дарсадҳо ба давомнокии ҷанг марбут аст".

Рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Қазоқистон (ММД), ки 40 дарсади маҳсулоти хориҷиаш аз Русия ворид мешавад, мумкин аст, дар соли 2022 1,5 дарсад коҳиш ёбад.

Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши рушди ММД-и Русияро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 11,2 дарсад пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG