Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон роҳи заминиро ба Русия, Қирғизистон ва Узбекистон кушод


Гузаргоҳи марзии "Ак-Тилек"-и Қирғизистону Қазоқистон. Моҳи марти соли 2022
Гузаргоҳи марзии "Ак-Тилек"-и Қирғизистону Қазоқистон. Моҳи марти соли 2022

Қазоқистон аз 11-уми апрел маҳдудиятҳои сафарро тавассути роҳҳои заминӣ аз Русия, Қирғизистон ва Узбекистон бекор кард.

Роҳҳои заминӣ аз моҳи марти соли 2020 бо сабаби пандемияи COVID-19 баста буданд.

Мақомоти қазоқистонӣ гуфтанд, ҳамакнун шаҳрвандони хориҷиву афроди бидуни шаҳрвандӣ метавонанд, бе мушкил аз гузаргоҳҳои марзӣ бо се кишвари ҳамсоя ворид шаванд.

Қазоқистон яке дигар аз маконҳои муҳими кору даромади муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва боз шудани марзҳо барои ин гурӯҳ хабари хуш мебошад.

Сафари хориҷиҳо бо ҳавопаймо дар давраи пандемия бисёр гарон анҷом мешуд.

XS
SM
MD
LG