Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз кашфи як гӯри дастҷамъии дигар дар наздикии Киев хабар дод


Тибқи гузоришҳо, дар наздикии шаҳри Киев як гӯри дастҷамъӣ пайдо шудааст. Аз он ҷасади даҳҳо ғайринизомиро берун овардаанд. Ба гуфтаи як мақоми маҳаллӣ, ин гӯр дар деҳаи Бузова дар наздикии Киев пайдо шуд ва ҳанӯз шумораи дақиқи кушташудаҳо маълум нест.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи якшанбе хабар дод, ки арзёбиҳои ин вазорат нишон медиҳад, ки нерӯҳои Русия стратегияи қасдан ҳадаф қарор додани ғайринизомиён дар Украинаро пеш гирифтаанд.

Пеш аз ин низ кашфи як гӯри дастҷамъӣ дар шаҳраки Буча, воқеъ дар 37-километрии ғарби Киев, бо вокунишҳои тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд ва ҳукумати Русия муттаҳам ба "ҷинояти ҷангӣ" ва "наслкушӣ" шуд.

Русия иддао дорад, ки аксҳои вобаста ба қатли ғайринизомиён, аз сӯи Украина "сохтакорӣ" шудааст. Аммо аксҳои моҳвораӣ, ки аз сӯи ширкати амрикоии "Maxar" нашр шуд, нишон медиҳад, ки бисёре аз ин ҷасадҳо чанд ҳафта ва дар муддате, ки Русия шаҳри Бучаро дар тасарруф дошт, рӯи замин афтода буданд.

Мақомҳои ҳукумати Украина аз ҷумла президенти Зеленский мегӯянд, рафтори ҳукумати Русия дар минтақаҳои зери ишғол "барқасдона" ва бо ҳадафи "наслкушӣ" сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG