Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи НАТО дар пасманзари таҳдидҳои Русия


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.

НАТО дар доираи талошҳо барои муқобала бо таҷовузи эҳтимолии Русия нақшаи ҳузури доимии низомиро дар марзи кишварҳои узв баррасӣ мекунад.

Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар суҳбат бо нашрияи бритониёии "The Telegraph" изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, эътилофи низомии мазкур дар ҳоли "дигаргунсозии бунёдӣ" қарор дорад ва ин раванд бо назардошти оқибатҳои дарозмуддати иқдомҳое сурат мегирад, ки раисҷумҳури Русия анҷом медиҳад.

"Он чизе мо имрӯз мебинем, воқеият ва меъёри нав барои амнияти Аврупост. Аз ин рӯ, мо аз раҳбарони низомии худ хоҳиш мекунем, гузинаҳои он чиро, ки онро аз нав барқарор кардан ва мутобиқсозии дарозмуддат барои НАТО меномем, пешниҳод кунанд", - афзудааст вай.

Столтенберг, ки муҳлати ваколатҳояш як соли дигар дароз шудааст, дар суҳбат бо The Telegraph гуфт, ҳамаи тасмимҳо роҷеъ ба азнавсозӣ моҳи июни соли равон дар саммити НАТО дар Мадрид гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG