Мақомоти интизомии Олмон мегӯянд, як ҷавони 21-солаи тоҷикро, ки бо гумони тарҳрезии ҳамла дар шаҳри Магдебург дастгир шуд, ба Тоҷикистон бозпас фиристодаанд.
Хабаргузории Олмон (DPA) рӯзи 4-уми январ хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи якшанбе ба ватанаш бозпас фиристодаанд. Дар хабар бо такя ба раёсати корҳои дохилии сарзамини Саксония-Анҳалт навиштаанд, ки “ҷавони 21-сола рӯзи шанбе таҳти назорати мақомот Олмонро тарк кард.”
Мақомоти амниятии Олмон бар ин бовар будаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон нақшаи содир кардани як ҳамлаи сахти хушунатомезро дар сар доштааст. Бар асоси қонунҳои Олмон, ному насаби муттаҳам ба ҷиноятро нагуфтаанд. Ин ҷавонро нимаҳои дуввуми моҳи декабр дар Магдебург боздошт кардаанд ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ ба издиҳоми мардум, дар боздоштгоҳ нигаҳ медоштаанд.
Муфаттишони олмонӣ гуфтаанд, ки нақшаҳои эҳтимолии ӯ дорои ангезаҳои исломгароии ифротӣ будаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҷавон рӯ ба ифрогароӣ оварда, ба аслиҳа ва омӯзиши тирандозӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Расонаҳои олмонӣ навиштаанд, ки ин ҷавон бо ҳамсинфони худ сари ақоиди исломӣ баҳсу даъво ва кашмакаш мекардааст. Аммо ҳеч чизе дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ва нақшаҳои ин ҷавон барои анҷоми амалиёти террористӣ гуфта нашудааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи июни соли 2024 бо раводид вориди Олмон шудааст. Ӯ дар номаи худ барои дархости навиштааст, ки барои ширкат дар барномаи «Au pair», ё дастёри хонавода меравад ва ба забону фарҳанги олмонӣ таваҷҷӯҳ дорад. Ҳамчунин қасд дорад барои таҳсил дар риштаи мудирияти сайёҳӣ ба ватан баргардад.
Ӯ дар ниҳоят дар шаҳри Магдебург ба омӯзиши касбии парасторӣ шурӯъ кардааст. Раёсати умури дохилии Саксония-Анҳалт гуфтааст, ки дигар ин ҷавон ҳаққи вуруд ба Олмонро надорад. Мақомоти Олмон то кунун чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба қонуншиканӣ ва риоят накардани муқаррароти иқомат муттаҳам шудаанд, аз қаламрави он кишвар берун кардаанд.