Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, пас аз боздошт аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба Ню-Йорк интиқол ёфтааст ва ҳоло дар як боздоштгоҳи Иёлоти Муттаҳида қарор дорад.
Ин амалиёти ғофилгиронаи низомии Амрикоро иддае аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Эрон, Русия ва дигар муттаҳидони ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ маҳкум карданд, вале венесуэлагиҳои муқими хориҷ аз он изҳори хушҳолӣ мекунанд.
Дар аксҳое, ки нашр шуд, Мадуро бо дастони баста ва дар иҳотаи маъмурони амниятии Амрико дида мешавад. Ӯро аввал ба идораи Идораи мубориза бо маводи мухаддири Амрико дар Ню-Йорк ва сипас ба як боздоштгоҳи мустаҳкам ба Бруклин бурдаанд. Дар наворе, ки телевизиони "Fox News" дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, Мадурои 63-сола ҳангоми интиқол ба хабарнигорон мегӯяд: "Шаби хуш, Соли нав муборак!"
Гузоришҳои тасдиқнашуда ҳокист, ки Мадуроро пас аз боздошт аввал ба пойгоҳи Гуантанамо дар Куба ва аз он ҷо ба пойгоҳи ҳавоии Сюарт дар аёлати Ню-Йорк интиқол додаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҳангоми шарҳи амалиёти низомӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида муваққатан мудирияти Венесуэларо "то замони як гузариши амн, муносиб ва оқилонаи қудрат" бар дӯш мегирад.
Ҳанӯз дақиқ нест, ки манзури Трамп аз "идора кардани кишвар" чист. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки аъзои ҳукумати худро барои иҷрои масъулият дар Венесуэла "таъйин мекунад", вале ҷузъиёти бештар надод. Як генерали баландпояи амрикоӣ гуфт, дар ин амалиёт, ки моҳҳо боз омода мешуд, 150 ҳавопаймои низомӣ ширкат кардаанд.
Бо вуҷуди боздошти Мадуро, ба назар мерасад, ки мансабдорони баландпояи ӯ, аз ҷумла Делси Родригес, муовини раиси ҷумҳур ҳанӯз сари қудрат ҳастанд. Трамп аз Родригес ҳимоят карда, гуфт, "ӯ омода аст, ҳар он чизеро, ки барои дубора тавоно кардани Венесуэла лозим аст, анҷом диҳад".
Аммо худи Родригес Мадуроро "ягона президенти" кишвар хонд ва ҳамлаи ИМА-ро "доғи сиёҳ" дар равобити ду кишвар номид.
Ҳамзамон сарнавишти мухолифони венесуэлагӣ бо раҳбарии Мария Корина Мачадо, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, дар маркази таваҷҷӯҳ аст. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: "Соати озодӣ фаро расид."
Пэм Бонди, додситони кулли Амрико гуфт, ки Мадуро ва ҳамсараш дар Ню-Йорк аз ҷумла ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешаванд.
Амалиёти Амрико вокуниши сахти муттаҳидони Венесуэла ва ҳамчунин Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ-ро барангехт. Гутерриш гуфт, ин иқдом як "намунаи хатарноке"-ро ба миён меорад. Қарор аст, Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи 5-уми январ барои баррасии ин мавзӯъ ҷаласа баргузор кунад. Ҷаласа бо дархости Колумбия ва Русияву Чин сурат мегирифтааст.
Русия, ки равобити наздик бо Мадуро дорад, аз боздошту ба Амрико бурдани ӯву ҳамсараш изҳори нигаронии амиқ карда, хостори раҳоии онҳо шуд. Эрон, яке дигар аз муттаҳидони Венесуэла, ин ҳамларо нақзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии Венесуэла ва ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид хонд.
Хушҳолӣ ва ҳам изҳори нигаронӣ
Дар ҳамин ҳол, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Амрикои Лотинӣ ва Испания венесуэлагиҳо барои ҷашн гирифтани боздошти Мадуро ҷамъ шуданд. Хабаргузории "Рейтерз" аз қавли Хати Янез, як зани венесуэлагӣ, ки ҳафт сол боз дар Чили зиндагӣ мекунад, навиштааст: "Мо озод шудем. Ҳама аз он хурсандем, ки диктатура суқут кард ва мо кишвари озод дорем".
Дар Лима, пойтахти Перу, Милагрос Ортега, муҳоҷире, ки волидонаш ҳанӯз дар Венесуэла ҳастанд, гуфт, умедвор аст ба ватан баргардад. Ӯ гуфт: "Донистани ин ки падарам зинда аст ва суқути Николас Мадуроро дид, хеле ҳаяҷонангез аст. Мехоҳам чеҳраи ӯро бубинам".
Бисёре аз муттаҳидони Вашингтон, бо вуҷуди он ки ба Мадуро ва режими ӯ ҳеч наздикӣ надоранд, дар мавриди зарурати риояти қонунҳои байналмилалӣ ҳушдор доданд.
Кейр Стармер, нахуствазири Бритниё, гуфт: "Мо Мадуроро президенти ғайриқонунӣ медонистем ва барои суқути режими ӯ гиря намекунем", вале афзуд, ки "имрӯз субҳ ман бори дигар бар ҳимояти худ аз қонунҳои байналмилалӣ таъкид кардам".
Фаронса гуфт, ки ҳамлаи Амрико қонунҳои байналмилалиро заиф мекунад ва таъкид кард, ки бӯҳрони Венесуэла наметавонад аз сӯи бозигарони беруна ҳал шавад. Фридрих Мертз садри аъзами Олмон, гуфт, Мадуро "кишварашро ба вайронӣ кашонд", вале иқдоми Амрикоро аз нигоҳи ҳуқуқӣ "печида" номид.
Аммо нахуствазири рости ифротии Итолиё, Ҷорҷия Мелонӣ — муттаҳиди Трамп амалкарди Амрикоро "қонунӣ" ва "дифоӣ" хонд.
Кишварҳои дигар, аз ҷумла Украина, Мақдунияи Шимолӣ, Албания ва Косово, эълон карданд, ки дар канори Вашингтон ва мустақимтарин дахолати он дар Амрикои Лотинӣ пас аз ҳамла ба Панама дар соли 1989 истодаанд.
Тимчо Мучунски, вазири умури хориҷии Мақдунияи Шимолӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст: «Ман аз эълони Трамп дар бораи боздошти Николас Мадуро ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ истиқбол мекунам. Мо дар канори Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Венесуэла барои озодӣ ва демократия ҳастем".
Иқдоми низомии Амрико пас аз моҳҳо фишори афзояндаи иқтисодӣ ва низомии Вашингтон бар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ сурат гирифт. Амрико аввал ба қаиқҳое, ки аз Венесуела берун меомаданд, зарба зада, чандин нафарро кушт, чун ба қавли мақомоти амрикоӣ маводи мухаддир интиқол медоданд. Пас аз он киштиҳои нафткаши ин кишварро дастгир кард.
Вашингтон аз соли 2013, вақте ки Мадуро ҷойгузини Уго Чавес, раиси ҷумҳури собиқи Венесуэла шуд, машруияти ӯро зери суол мебурд ва ба интихоботҳои пайиҳам ишора мекард, ки ба гуфтаи мухолифон ва нозирони дигар, ба суди Мадуро таққалуб ва дасткорӣ шудаанд.