Фатҳулло Абдуллоев, ҳаҷвнигор ва ҳунарпешаи тоҷик, маъруф бо тахаллуси саҳнавии Коно дар 67-солагӣ даргузашт.
Нарзулло Абдуллоев, бародари Фатҳулло Абдуллоев, рӯзи 4-уми январ дар як суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳум ду рӯз пеш аз зиёрати Ҳаҷ баргашта буд.
“Дар аснои зиёрат бемор шуда, дар шифохона бистарӣ шуданд. Дар он ҷо дар рагҳои дилашон найча гузоштанд ва ба ҳуш омада, ду рӯз пеш ба ватан баргашта буданд”, — гуфт ӯ.
Фатҳулло Абдуллоев ду-се соли охир бемор буд. Як сол пеш дар яке аз видеоҳо ҳунарпешагони гурӯҳи “Хандинкамон” нақл карда буданд, ки ба аёдати Фатҳулло Абдуллоев мераванд, ки чанд вақт боз бемор аст.
Вазорати фарҳанг дар як баёнияе бо изҳори ҳамдардӣ навиштааст:
“Фатҳулло Абдуллоев намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин дилдодаи фарҳанг ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.
Ёди ин дилбохтаи театр ва синамои тоҷик ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони фарҳангу санъати асил гиромӣ аст.”
Фатҳулло Абдуллоев солҳои 90-ум дар Тоҷикистон шӯҳрат ёфт. Ӯ нахуст дар театри “Ҷавонон”, “Аҳорун” ва баъдан дар гуруҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” фаъолият дошт. Ӯ дар чандин филм, аз ҷумла “Хобҳои апрелӣ”, “Ишқи ман –инқилоб”, “Биҳишт фақат барои мурдагон”, “Дарди ишқ” нақш офаридааст.
Дар Тоҷикистон ӯро бештар бо нақшҳояш дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо тахаллуси Коно мешиносанд. Ӯ бо ин ном дар аввали солҳои навадум шӯҳрат ёфт, вале баъд аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, аз саҳна канор рафт. Солҳои ахир бо ҷон гирифтани синамо ва театр дар кишвар, дигарбора ба саҳна баргашт ва бештар дар шаҳри Хуҷанд мезист.
Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи маъруф дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: "Додаракам, Ҳоҷӣ Фатҳуллр Абдуллоев, (Коно), дар давоми умри на чандон тӯлонии худ, бо хандаи беғаши худ, ширинсухании худ ба ҳар хонае, ки медаромад, гӯё бо худ баҳор меовард... Инак, ҳоло ӯ ба Ҳақ пайвастааст..."
Фатҳулло Абдуллоев саввумин чеҳраи шинохтаи тоҷик шуд, ки дар панҷ рӯзи гузашта ҷон бохтаанд.
Аз ин пештар ва дар рӯзи 2-юми январ, Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози маъруфи собиқи дастаи «Помир»-и Душанбе ва сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон дар 60-солагӣ дар шаҳри Маскави Русия даргузашт.
Рӯзи 31-уми декабр Шариф Назаров, мураббии машҳури футболи тоҷик, ки ним сол пеш ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд, дар 80-солагӣ фавтид.