Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ваҳдат “Корманди мақомот”-ро 10,5 сол равонаи зиндон кард


Пайкараи "Модар" дар шаҳри Ваҳдат
Пайкараи "Модар" дар шаҳри Ваҳдат

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Абуалӣ Садиров, як сокини ин шаҳрро бо ҷурми “қаллобӣ” ба 10 солу шаш моҳ равонаи зиндон кардааст.

“Ҷумҳурият”, нашрияи ҳукумати Тоҷикистон аз қавли Х. Ҳабибулозода, муовини раиси додгоҳи Ваҳдат навиштааст, Садиров ба як нафари гумонбар дар ҷиноят ваъда додааст, ки барояш ду ҳазор сомонӣ бидиҳад, парвандаашро қатъ мекунад. Аз нафари дигаре бо ваъдаи озод кардани писараш аз маҳбас 300 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Додгоҳ ӯро дар расонидани “зарари махсусан вазнин” гунаҳкор донистааст.

Назари пайвандону адвокати маҳкумшуда дастрас нест ва маълум нест, ки то куҷо ӯ худро дар мурофиаҳои додгоҳӣ гунаҳкор донистааст.

Мақомот зуд-зуд аз боздошти нафароне, ки худро корманди ин ё он ниҳоди давлатӣ медонанд, хабар медиҳанд.

Амали истифода аз мақом, гирифтани ришва бо чунин роҳ дар миёни кормандони мақомот сабт шудааст ва сокинон мегӯянд, бархе одамони одӣ, ба хотири дарёфти даромади муфт, инро такрор мекунанд.

XS
SM
MD
LG