Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, ба ҷангу сулҳ омода аст


Володимир Зеленский, президенти Украина.
Володимир Зеленский, президенти Украина.

Володимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки кишвараш барои музокироти сулҳ бо Русия талош дорад, вале агар нашуд, барои ҷанг бо ин кишвар низ омода аст.

Зеленский ин ҳарфро дар мулоқот бо Карл Неҳаммер, садри аъзами Австрия гуфт, ки рӯзи 9-уми апрел ба Киев омада буд. "Украина омодаи музокира ҳаст ва барои қатъи ҷанг талош мекунад.”,--гуфт ӯ.

Ин гуфтаи Зеленский дар ҳолест, ки хабар мерасад, Русия ба як ҳамлаи бузурги низомӣ омодагӣ дорад. Ӯ гуфт, "мутаасифона агар Русия сулҳро намехоҳад ва роҳи ҷангро интихоб кардааст, пас мо ба ҷанг низ омодаем.”

Ҷанги Русия бо Украина рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд. Садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд ва миллионҳо нафар аз тарси ҷанг ба кишварҳои аврупоӣ фирор карданд. Талошҳо барои қатъи ҷанг ҳанӯз натиҷа надодаанд.

XS
SM
MD
LG