Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Би-Би-Си: Русия фармондеҳи амалиёти ҷангӣ дар Украинаро иваз кард


Генерали артиш Александр Дворников (аз рост)
Генерали артиш Александр Дворников (аз рост)

Шабакаи Би-Би-Си бо такя ба як манбаи беноми ғарбиаш менависад, ки дар пасманзари ақибнишинӣ аз Киев ва талафоти азими нирӯҳои русӣ Кремл фармондеҳи амалиёти ҷангӣ дар Украинаро иваз кард. Манбаъ гуфтааст, ки фармондеҳи нав - генерали артиш Александр Дворников - фармондеҳи нирӯҳои Ҳавзаи низомии ҷанубӣ мебошад ва дар ҷангҳои Сурия таҷриба андӯхтааст. Би-Би-Си навиштааст, ки як сабаби мушкил дар расидан ба ҳадаф дар Украина ин ҳамоҳангии бади миёни ҳавзаҳои мухталифи низомии ширкатдор дар амалиёти ҷангӣ будааст. Вазифаи генерал Дворников тағйир додани ин ҳолат ва дастёбӣ ба ҳамоҳангии бештар будааст. Инчунин дар хабар гуфта шудааст, ки аз нирӯҳо талаб шудааст, ки то 9-уми май - Рӯзи ғалаба, ки бояд дар он рӯз бо ширкати президенти Русия Владимир Путин дар Маскав паради низомӣ баргузор шавад, бояд муваффақиятҳои муайяне ба даст ояд. Ин метавонад сабаби асосии омодагиҳои босуръат ба ҳуҷум ба Донбасс баъди берун бурдани нирӯҳо аз шимоли Украина бошад. Айни замон, дар сурати дастёбӣ ба музокироте, ки натиҷааш барои Маскав “муносиб” бошад, ин ҳам метавонад чун муваффақият арзёбӣ шавад.

Пентагон гуфтааст, ки пеш аз ҳуҷуми навбатӣ тавонмандии низомии нирӯҳои Русия 80-85 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар Пентагон мегӯянд, ки эҳтимолан ба ин нирӯҳо боз 60 ҳазор нирӯи иловагӣ, шояд аз ҳисоби низомиёни захиравӣ илова шаванд. Дар вазорати дифои Русия мегӯянд, ки дар амалиёти вижа танҳо афсарону сарбозони қарордодӣ иштирок мекунанд. Ба иттилои маълумоти иктишофии ғарбиҳо, нирӯҳои русӣ дар Донбасс ва Харков ҷамъ шуда мехоҳад украиниҳоро дар Донбасс муҳосира кунанд. Раҳбари идораи иктишофии Украина Кирилл Буданов ҳуҷум ба Харковро ҳам истисно намедонад.

Ҳафтаи гузашта нирӯҳои русӣ се минтақаи шимоли Украина – вилоятҳои Киев, Чернигов ва Сумиро тарк карданд. Дар Маскав мегӯянд, ки ин натиҷаи нокомии низомӣ ё тағйири стратегия нест, балки як “ҳусни ният” аст, то музокироти сулҳ сабуктар шавад.

XS
SM
MD
LG