Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Луҳанск гуфт, мардуми бештар бояд берун бурда шавад


Серҳий Ҳайдай, волии Луҳанск
Серҳий Ҳайдай, волии Луҳанск

Серҳий Ҳайдай, волии Луҳанск дар шарқи Украина рӯзи 9-уми апрел гуфт, ки бо афзоиши шумори нирӯҳои русӣ дар минтақа мардуми бештарро бояд аз вилоят берун баранд. Ӯ гуфт, ки тахминан 30 дарсади сокинон ҳамоно дар дохил ва канораҳои шаҳру вилоят ва дар деҳот ҳастанд ва онҳо бояд аз ин минтақа берун бурда шаванд. Ҳайдай дар сӯҳбат бо телевизиони украинӣ гуфт, ки шумори нирӯҳои русие, ки ба минтақа интиқол меёбанд, афзоиш меёбад ва гулӯлаборонҳо ҳам зиёд мешавад. Мақомот дар Украина гуфтанд, ки Русия нирӯҳояшро аз қисматҳои шимоли Киев бозпас кашида, онҳоро дар шарқ ва ҷануб мустақар мекунад. Дар як ҷаласаи вазорати дифои Бритониё рӯзи 9-уми апрел гуфта шуд, ки Русия бо истиқрори киштиҳои низомиаш дар шарқи Донбасс тамаркузро ба он қисматҳо равона кардааст. Пешбинии бритониёиҳо ин аст, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷануб ва шарқи Украина афзоиш меёбад. Маскав дар андешаи эҷоди як пули заминӣ миёни Донбасс ва Қрим мебошад, ки ин нимҷазираро соли 2014 ишғол карда буд. Нирӯҳои украинӣ талош доранд пешрафт кунанд. Ҳамлаҳои украиниҳо ба ҳадафҳои русҳо дар минтақа рӯзҳои охир афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG