Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус пойгоҳҳои NEXTA-ро "созмонҳои террористӣ" унвон кард


Шабакаи NEXTA Live аз пештозтарин пойгоҳҳои хабарӣ дар бораи таҳаввулоти Беларус ба шумор меравад. Акс аз 19 августи соли 2020
Шабакаи NEXTA Live аз пештозтарин пойгоҳҳои хабарӣ дар бораи таҳаввулоти Беларус ба шумор меравад. Акс аз 19 августи соли 2020

Додгоҳи олии Беларус се пойгоҳи Телеграм-канали хабаргузории NEXTA-ро “созмони террорристӣ” эълон кард. Дар ин бора рӯзи 8-уми апрел додситонии кулли Беларус хабар дод. Шабакаи NEXTA ва NEXTA Live, ки аз Полша кор мекунад, аз Беларус 1,4 миллион обуначӣ дорад. Ҳукми додгоҳ ин маъноро дорад, ки бо пойгоҳҳои марбут бо NEXTA ҳеҷ гуна ҳамкорӣ ба роҳ монда намешавад ва ҷазои ҷиноиро пешбинӣ мекунад. Ҳанӯз моҳи октябр вазорати корҳои дохилии Беларус пойгоҳҳои NEXTA, NEXTA Live, and LUXTA-ро “экстремистӣ” номида, фаъолияташро дар кишвар қатъ кард.

Баъди эътирозҳои давомдор аз натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 ва саркӯби бераҳмонаи норозиёну мухолифон ва матбуоти мустақил дар Беларус, даҳҳо вебсайти хабарӣ дар ин кишвар баста шуд. Интихоботи ду сол пеш бо пирӯзии раҳбари худкома Александр Лукашенка анҷомид, ки дар умум шаш дафъа дар интихобот ғолиб эълон шуда буд. Мухолифон дурустии натиҷаҳои интихоботро зери суол бурданд, вале ҳукумати Лукашенко аз саркӯб кор гирифт. Ба иттилои маркази ҳуқуқи башари “Весна” ҳоло дар Беларус 1102 нафар маҳбуси сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG