Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони миллӣ ҳукми Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум кард


Шоҳида Маҳмадҷонова
Шоҳида Маҳмадҷонова

Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, ҳукми шаш соли зиндони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари як блогери тоҷикро маҳкум кардааст. Дар изҳороти ин паймон, ки шоми 7-уми апрел дар Фейсбук нашр шуд, ҳукми ин шаҳрванди Тоҷикистон “амали комилан ғайриқонунӣ ва хилофи ҳама меъёрҳои ҳуқуқибашарӣ” арзёбӣ шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар як қароре, ки дирӯз содир шуд, модари 45-солаи Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, барои "тарафдорӣ аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи "Гурӯҳи 24" ва Наҳзати исломӣ" гунаҳгор кардааст. Вакили дифои Маҳмадҷонова гуфтааст, ки бо ҳукм розӣ нест ва аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳад кард. Шерзод Маҳмадҷонов қарори додгоҳро "говсуд" номид.

Паймони миллӣ мегӯяд, ҳукми ин зан "баёнгари ин аст, ки мақомоти кишвар на танҳо ба қонун, балки ба арзишҳои милливу инсонӣ низ заррае эҳтиром қоил нестанд".

Паймони миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт ва аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иборат аст. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 Паймони миллиро созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кард, аммо аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

XS
SM
MD
LG