Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири энергетикаи Узбекиcтон Алишер Султонов барканор шуд


Шерзод Асадов
Шерзод Асадов

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов хабар дод, ки Алишер Султонов аз мақоми вазири энергетикаи он кишвар барканор шудааст.

Ба гуфтаи Асадов, Алишер Султонов бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба далели "вазъи саломатӣ ва гузаштан ба кори дигар" аз мақоми вазири энергетика сабукдуш гаштааст.

Алишер Султонови 55-сола моҳи феврали соли 2019 вазири энергетикаи Узбекистон таъйин шуда буд.

Манбаъ нагуфтааст, ки вазири нави энергетикаи Узбекистон кӣ мешавад ва Султонов ба кадом кор гузаштааст.

XS
SM
MD
LG