Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба бахши маорифи Қирғизистон 32 млн евро кӯмак мекунад


Қирғизистон ва Иттиҳоди Аврупо рӯзи 6-уми апрел созишномаи грантиро дар ҳаҷми 32 млн евро имзо карданд, ки ин маблағ ба бахши маориф равона мешавад. Дар ин бора аз вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд.

Дар хабари вазорат омадааст, ин ҷузъи севуми барномаи кӯмак ба буҷа аст, ки дар маҷмуъ 72 млн евроро дар бар мегирад ва 5 млн еврои дигар кӯмаки техникӣ хоҳад буд.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон хабар дод, ки грант дар доираи барномаи "Созиш барои анҷом додани ислоҳот дар бахши таҳсили Қирғизистон" ҷудо шудааст.

Ба иттилои вазорати молия он кишвар, дар доираи барномаи мазкур дар солҳои 2014-2021 Иттиҳоди Аврупо 72 млн евро ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG